Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳуроти азими мухолифони давлати Гурҷистон


Дар шаҳри Тифлис пойтахти Гурҷистон даҳҳо ҳазор нафар аз тарафдорони мухолифин тазоҳурот карда ва ҳимояти худро аз Бидзина Иванишвилӣ ва Ҳизби Ормони Гурҷистон баён доштанд. Бидзина Иванишвилӣ дар хитоб ба тазоҳургарон гуфт, ҳукумати феълии Гурҷистон “бо баҳонаи демократия ва ғамхорӣ кишварро ба бунбаст расонд”. Ба иддаъои ӯ ҳукумати раиси ҷумҳур Михайил Саакашвилӣ ваъдаҳояш барои ҳалли мушкилоти Гурҷистонро на танҳо вафо накард, балки “ба ин мушкилот афзуд”. Гурҷистон рӯзи душанбе интихоботи порлумонӣ дорад. Рӯзи ҷумъа дар тазоҳуроти тарафдорони ҳукумат 70 ҳазор нафар ширкат кардаанд. Ба гуфтаи хабаргузориҳо дар тазоҳуроти мухолифон дар рӯзи шанбе то 200 ҳазор нафар ҳузур доштаанд.
XS
SM
MD
LG