Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Гуфтугӯи ихтисосӣ бо муовини вазири адлия ва раҳбари Сарраёсати зиндонҳои Тоҷикистон, генерал Иззатулло Шарифов.

Дар ҳоле, ки нишасти солонаи САҲА дар Варшава мавзӯи шиканҷаи боздоштшудагон дар Тоҷикистонро ба баррасӣ гирифтааст, қатли маҳбус Ҳамза Икромзода, сару садоҳоро дар дохили кишвар ва берун аз он ба бор овардааст.

Масъулони созмонҳои иҷтимоии Тоҷикистон дар нишасти Варшава зимни ироаи гузориши марбут ба вазъи шиканҷа дар Тоҷикистон иддао карданд, ки мавориди шиканҷа ҳанӯз ҳам дар боздоштгоҳҳо ва зиндонҳои ин кишвар вуҷуд дорад ва барои амалӣ кардани он, аз таҷҳизоти махсуси шиканҷадиҳанда, ки «Роғун» ва «Сангтӯда» ном бурда мешавад, истифода мегардад.

Аммо масъулони вазорати адлияи Тоҷикистон бо он, ки вуҷуди мавориди шиканҷа дар боздоштгоҳҳо ва зиндонҳои кишварро рад мекунанд, аммо мегӯянд, «кор бе камбудӣ» намешавад.

Генерал Иззатулло Шарифов, раҳбари Сарраёсати зиндонҳои вазорати адлияи Тоҷикистон дар сӯҳбати ихтисосӣ бо РО гуфт, ки вазъи муассисаҳои ислоҳии Тоҷикистон дар қиёс ба дигар кишварҳои Осиёи Миёна беҳтар аст ва ба таъкиди вай ин нуктаро ҳатто Хуан Мендез, гузоришгари вижаи СММ дар ҷараёни сафараш ба Тоҷикистон низ баён кардааст.

Аммо муовини вазири адлияи Тоҷикистон ҳодисаи ахир дар зиндони шумораи 1 -и шаҳри Душанберо як амалӣ тасодуфӣ арзёбӣ кард ва гуфт, Ҳамза Икромзода, худ даст ба худкушӣ задааст. Ба таъкиди генерал Иззатулло Шарифов, дар ҳоли ҳозир Додситонии кулли Тоҷикистон ин қазияро таҳқиқ дорад ва ҳамаи маҳбусон ва маъмурону масъулони зиндони шумораи 1 -и шаҳри Душанбе маврид бозпурсии гурӯҳи тафтишотӣ қарор доранд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG