Пайвандҳои дастрасӣ

Суқути ҳавопаймои мусофирбар дар Непал


Дар канори шаҳри Катманду, пойтахти Непал, як ҳавопаймои хурди мусофирбар суқут кард.

Ба иттилои полис, дар ин ҳодиса ҳамаи 19 мусофир ва халабонҳо, ки теъдодашон алҳол дақиқ нест, ба ҳалокат расидаанд. Дар ҷойи суқути ҳавопаймо, ки ҳамагӣ як километр дуртар аз фурудгоҳ аст, гурӯҳҳои наҷотбахшӣ ба кор шурӯъ карданд.

Сабабҳои рӯй додани фоҷиа таҳқиқ мешавад. Бар пояи иттилои пешакӣ, халабонҳо хостанд, ки ҳавопайморо ба таври изтирорӣ дар соҳили рудхона шинонанд вале он ғайриинтизор оташ гирифтааст.
XS
SM
MD
LG