Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суқути ҳавопаймои тамринӣ дар Сербистон


Ҳавопаймои тамринии Lasta (Swallow) 95
Ҳавопаймои тамринии Lasta (Swallow) 95
Имрӯз бар асари суқути ҳавопаймо дар наздикии Белград як халабони нирӯҳои ҳавоии Сербистон ҳалок шуд. Шаҳрдори Нова Пазова, воеқъ дар 20-километрии шимолуғарби пойтахт гуфт, халабон дар баҳои ҷони худ тавонист аз суқути ҳавопаймо ба болои манзилҳои ин шаҳрак ҷилавгирӣ кунад. Халабони дувуми ин ҳавопаймои тамринии Lasta (Swallow) худро берун андохта, ҷон ба саломат бурдааст. Вазири дифоъи Сербистон Александр Вукич ба дунбол сафараш ба Қибрисро қатъ кардааст.
XS
SM
MD
LG