Пайвандҳои дастрасӣ

Зарифӣ ташаббуси наве дар соҳаи об эълон мекунад


Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон.

Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон.

Рӯзи шанбе вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон аз минбари СММ ташаббуси наве дар соҳаи об эълон хоҳад кард.

Тоҷикистон, ки аз муаллифони ташаббуси Соли байналмилалии об ба шумор меравад, тасмим гирифтааст дар Маҷмаи кулли СММ ташаббуси наве дар мавриди истифодаи оқилона аз захираҳои обӣ матраҳ намояд.

Рӯзи чоршанбе дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо радиои "Озодӣ" сафири Тоҷикистон дар СММ Сироҷиддин Аслов гуфт, ки ин ташаббус рӯзи шанбе дар паёми Ҳамроҳхон Зарифӣ-вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ва раиси ҳайати ин ҷумҳурӣ дар 67-умин Маҷмаи кулли СММ эълон хоҳад шуд.

67-умин Маҷмаи кулли СММ рӯзи сешанбе дар шаҳри Ню-Йорк ифтитоҳ ёфт. Дар ҳошияи нишастҳои рӯзи аввал, мансабдорони Тоҷикистону ИМА вазъияти Осиёи Марказӣ баъди хуруҷи нерӯҳои паймони НАТО аз Афғонистонро баррасӣ карданд.

Ҳамрохон Зарифӣ бо ёвари котиби давлатии ИМА Вендӣ Шерман барномаҳои муштараки иқтисодиро, ки бо иштироки Афғонистон амалӣ мешаванд, баҳс намуда, вазъи минтақа баъди беруншавии нерӯҳои паймони НАТО аз Афғонистон, яъне баъди соли 2014-умро маврди баҳс қарор доданд. Ҳамчунон рӯзи сешанбе мулоқоти Ҳамрохон Зарифӣ бо ёвари Котиби давлатии ИМА Роберт Блейк, доир гашт.

Сафири Тоҷикистон дар СММ мегӯяд, дар вохӯриҳои дуҷониба бо мақомҳои амрикоӣ масъалаҳои ба таври умумӣ баҳс шудаанд ва кишварҳо бори дигар мавқеи худро тасдиқ карданд.

Ҷаноби Аслов илова кард, ки рӯзи чоршанбе раиси ҳайати Тоҷикистон бо фиристодаи хоси Иттиҳодияи Аврупо дар Осиёи Марказӣ Патрисия Флор мулоқот намуда, ҳамчунон дар нишасти 11-уми кишварҳои тараққикунандаи маҳсур дар хушкӣ иштирок хоҳад кард.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG