Пайвандҳои дастрасӣ

Нахустин мулоқоти Шерик Карамхудоев бо адвокат


Вакили Шерик Карамхудоев баъди 2 моҳи боздошти раиси бахши ҳизби мухолифи наҳзати исломӣ дар шаҳри Хоруғ тавонистааст рӯзи сешанбе бо муваккилаш дар боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллӣ мулоқоти рӯбарӯ кунад. Бобохон Ёқубов ба радиои Озодӣ гуфт, Карамхудоев аз сараш сахт захм хӯрдааст ва то ҳол сари ӯ докапеч аст. Шерик Карамхудоев гуфтааст, баъди боздошт то истирдодаш ба Душанбе таҳти шиканҷаву латукӯби пайваста қарор дошт. Карамхудоев дар ҷараёни амалиёти рӯзи 24 июл алайҳи гурӯҳҳои саркаш дар Хоруғ боздошт шуд ва ба гуфтаи мақомот, ӯ дар ҷараёни ин амалиёт ба нирӯҳои давлатӣ муқовимати мусаллаҳона нишон додааст.
XS
SM
MD
LG