Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боз ду таркиш дар Димишқ


Маҳалли таркиши рӯзи 25 сентябр дар Димишқ
Маҳалли таркиши рӯзи 25 сентябр дар Димишқ
Телевизиони давлатии Сурия гуфт, имрӯз дар назди қароргоҳҳои ситоди кулли артиш дар Димишқ ду таркиш рух дод. Дар бораи қурбониёни ин ду ҳамла чизе гуфта намешавад, вале бино ба ин гузориш, таркишҳо дар майдони марказии Умайя, ки макони чандин идораи давлатист, ба сӯхтор печидааст. Телевизиони давлатӣ ҳамлаҳоро кори дасти «террористҳо» номид. Режими Башор Асад нирӯҳои мухолифинро маъмулан чунин ном мебарад. Дидбони ҳуқуқи башари Сурия гуфт, таркишҳо дар фосилаи ҳамагӣ 15 дақиқа дар чандсадметрии қароргоҳҳои низомӣ рух дод. Димишқ ҳам акнун босуръат ба яке аз сангарҳои низоъи 19-моҳаи Сурия табдил мешавад.
XS
SM
MD
LG