Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суханронии Обама дар Маҷмаъи умумии СММ


Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама дар ифтитоҳи Маҷмаъи умумии СММ дар Ню-Йорк гуфт, фурсати дар инзивоъ гузоштани афроде фаро расидааст, ки адоват ба Амрикову Ғарб ва Исроилро дар меҳвари сиёсати худ қарор медиҳанд. Обама гуфт, видеои зиддимусалмоние, ки мавҷи хушунатҳо дар ҷаҳони Исломро барангехт, нафақат тавҳин ба мусалмонҳо, балки тавҳин ба Амрико ҳам ҳаст. Аммо ба ақидаи ӯ, ҳамлаҳои ду ҳафтаи охир нафақат Амрико, балки он арзишҳоеро ҳам ба ҳадаф доштанд, ки СММ рӯи он бино шудааст. Президенти Амрико ҳамчунин гуфт, режими Башор Асад дар Сурия бояд поён биёбад ва фурсати ҳалли дипломатии баҳси ҳастаии Эрон низ “бепоён нест.”
XS
SM
MD
LG