Пайвандҳои дастрасӣ

Шаҳрдори собиқи Жанаозен 10 сол гирифт


Орақ Сарбопеев

Орақ Сарбопеев

Додгоҳи Қазоқистон шаҳрдори собиқи Жанаозенро бо ҷурми сӯъиистифода аз мақом ва фасод ба 10 соли зиндон маҳкум кард. Додгоҳи маҳаллӣ қаблан Орақ Сарбопеевро сафед карда буд, вале дар моҳи август ин ҳукм лағв ва ӯ дубора боздошт шуд. Моҳи декабр ҳангоми пароканда кардани эътирози коргарони нафткаш дар Жанаозен 16 тан аз тири пулис кушта шуданд. Дар авоили моҳ Жалгас Бобохонов, ки қабл аз Сарбопеев дар поёни солҳои 90 шаҳрдори Жанаозен буд, низ бо ҷурми пора гирифтан аз ширкатҳои нафтӣ ба 2 соли зиндон маҳкум шуд.
XS
SM
MD
LG