Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон барои пешгирӣ аз низоъ дар минтақаҳои наздимарзӣ гурӯҳҳои корӣ созмон додаанд.

Ахиран барои таҳкими муносибатҳои миёни Тоҷикистону Қирғизистон, ду кишвари болооби минтақа, гурӯҳҳои корӣ таъсис ёфт. Ин тавофуқ дар нишасте, ки рӯзҳои 16-20-уми сентябр бо ҳузури намояндагони Суғди Тоҷикистону Бодканди Қирғизистон дар канори Исиқкӯл баргузор шуд, ба даст омадааст.

Дар ин нишаст гуфта шудааст, танҳо дар як соли гузашта дар минтақаҳои наздимарзии ду кишвари ҳамсоя 30 низоъ ё муноқиша бар сари тақсими обу замин рух додаанд. Дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ бошад, ҳафт чунин ҳодиса ба қайд гирифта шудааст.

Ҷумъабой Сангинов, муовини аввали раиси вилояти Суғд, ки дар нишасти Исиқкӯл ҷониби Тоҷикистонро намояндагӣ мекард, таҳияи барномаи панҷсолаи ҳамкорӣ миёни Суғду Бодкандро пешниҳод кардааст. Ӯ зарурати ин барномаро чунин баён дошт: "Ин пешниҳод аз сӯи вилоятҳои Бодканду Ҷалолобод, ки иштироки онҳо низ дар ин барнома мояи қаноатмандии мост, гарм пазируфта шуд. Мо аллакай гурӯҳҳои корӣ тартиб додем, барнома баъд аз таҳия охирҳои соли ҷорӣ барои тасдиқ ба раисони вилоятҳои Суғду Бодканд пешбарӣ мешавад.”

Ҷаноби Сангинов натиҷаҳои вохӯрии мазкурро барои тақвияти ҳамсоядорӣ ва тақвияти ҳамкориҳои Тоҷикистону Қирғизистон “хеле Ҷумъабой Сангинов, муовини раиси вилояти Суғд

Ҷумъабой Сангинов, муовини раиси вилояти Суғд

муфид” хонд. Ӯ афзуд, "дар ин мулоқот аз натиҷаи барномаи ҳамкориҳои миёни Суғду Бодканд дар соли 2012, ки моҳи декабри соли гузшта ба тасвиб расида буд, натиҷагирӣ шуд. Ҷараёни татбиқи он муассир арзёбӣ гардид. Бо вуҷуди баъзе низоъву якдигарнофаҳмӣ байни афроди алоҳида дар манотиқи наздисарҳадӣ, ба сурати умум, муноқишаҳо рӯ ба коҳиш дорад ва ин нишонаи он аст, ки ҳамкориҳои судманди мутақобил тақвият меёбанд."

Ҳамсӯҳати мо илова кард, ки ин низоъҳо моҳияти усулӣ ва фарогир надошта, миёни афрод ё гурӯҳҳои ҷудогона рух додаанд. Ба таъкиди ӯ, то кунун ягон масъала ё мушкиле дар миёни Суғду Бодканд вуҷуд надорад, ки ҷонибҳо дар баррасиву ҳалли он оҷиз монда бошанд: "Муҳим он аст, ки онҳо дар заминаи мувофиқаҳои қаблӣ зуд ва саривақт аз сӯи мақомоти ҳукуматҳои минтақаҳои наздисарҳадии Исфараву Боканд ҳаллу фасл шуданд."

Муовини аввали раиси вилоят, ба ҳайси узви комиссияи марзгузории Тоҷикистон дар мавриди таъхир дар таъйин ва аломатгузорӣ нашудани хатти марзи миёни Тоҷикистону Қирғизистон гуфт: "Ин кор муддати муайяне металабад. Ва ҷонибҳои тоҷику қирғиз низ дар ин амр хоҳиш ва ҳавасмандии воқеӣ доранд. То ҳол 50 дарсади хати марз муайян шуда, дар таъйини боқимондаи он комиссияҳои Тоҷикистону Қирғизистон муназзам фаъолият мекунанд. Ва таҷрибаи имрӯзаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки дар ҳама ҳолат имкони расидан дар таъйини хати марз ба мувофиқа вуҷуд дорад."

Ӯ дар мавриди назари бархе коршиносон, ки мегӯянд, беҳтар аст, минтақаҳои наздимарзии Суғду Бодканд ба хотири мушкил эҷод накардан ба сокинони “анклавҳо” ба шакли “минтақаи махсус” барои равуои шаҳрвандон боз гузошта шавад, гуфт, чунин имкон вуҷуд дорад, аммо имкони пешниҳоди ин масъала “баъд аз он ки хати сарҳад дар доираи салоҳияти комиссияҳои таъини марзи Тоҷикистону Қирғизистон муайян ва барои тасдиқ ба мақомоти болоии давлатии тасдиқкунанда пешниҳод мегардад, фароҳам меояд.
XS
SM
MD
LG