Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Писари раиси ҷумҳури пешини Эрон боздошт шуд


Мақомоти Эрон писари Алӣ Акбар Ҳошими Рафсанҷонӣ, раиси ҷумҳури собиқро баъди бозгашташ аз хориҷ боздошт кардаанд. Меҳдӣ Ҳошимӣ баъди се соли сукунат дар шаҳри Ландан рӯзи якшанбе ба Теҳрон бозгашт ва бино ба гузоришҳо ӯро барои бозпурсӣ ба зиндони Эвини Теҳрон бурдаанд. Ба гуфтаи расонаҳои эронӣ ӯ ба фасод ва ташвиқоти зиддиҳукуматӣ муттаҳам мешавад. Фоиза Ҳошимӣ, хоҳари ӯро рӯзи шанбе боздошт карда ва амр доданд, то ҳукми 6 моҳи зиндонро адо намояд. Фоиза Ҳошимӣ низ ба ташвиқоти зиддидавлатӣ гунаҳкор дониста шудааст. Мақомоти интизомӣ Меҳдӣ ва Фоиза Ҳошимиро ба барангехтани тазоҳуроти густурда баъд аз интихоботи баҳсбарангези соли 2009 дар Эрон муттаҳам мекунанд, ки дар он Маҳмуди Аҳмадинажодро пирӯз эълом шуд. Рафсанҷонӣ яке аз сиёсатмадорони мӯътадил дар миёни доираҳои муҳофизакори Эрон дониста мешавад.
XS
SM
MD
LG