Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздошти Фоиза Ҳошимӣ - духтари президенти пешини Эрон


Фоиза Ҳошимӣ, духтари раиси ҷумҳури пешини Эрон Акбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ

Фоиза Ҳошимӣ, духтари раиси ҷумҳури пешини Эрон Акбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ

Имрӯз духтари собиқ президенти Эрон Акбар Ҳошимӣ Рафсанҷонӣ бо ҷурми таблиғи зидди низом, ба муддати шаш моҳ зиндонӣ шуд.

Мақомоти Эрон Фоиза Ҳошимиро рӯзи шанбе баъди бозгашташ аз Лондон ба ҳабс гирифтанд. Муҳокимаи духтари президенти собиқ моҳи январ барпо шуда, ҳамон вақт ӯро гунаҳгор эълон карданд, вале дахолати Акбари Ҳошимии Рафсанҷонӣ боис шуд, ки мақомот аз иҷрои ҳукм худдорӣ намоянд.

Фоиза Ҳошимӣ-собиқ узви парламенти Эрон, собиқ раиси Федератсияи варзиши занон ва ҳомии шинохтаи ҳуқуқи зан аст. Дар баробари ҳабси шашмоҳа Фоиза Ҳошимӣ дар давоми панҷ соли оянда аз ҳаққи ширкат дар ҳаёти сиёсӣ, фарҳангӣ ва рӯзноманигорӣ маҳрум шудааст.

Хабари боздошти Фоиза Ҳошимӣ дар ҳоле мунташир шудааст, ки гузоришҳое дар хусуси вуруди бародараш Маҳдии Ҳошимӣ ба Эрон ва эҳтимоли боздошти вай низ интишор ёфтааст.

Ба гузориши хабаргузории «Форс», рӯзи шанбе «донишҷӯёни Донишгоҳи Теҳрон» барои «мутолиба»-и муҳокимаи Маҳдии Ҳошимӣ дар фурудгоҳи имом Ҳумайнии Теҳрон ҷамъ омаданд.

Ба навиштаи ин хабаргузорӣ, пас аз ба замин нишастани чанд ҳавопаймо, хабаре аз Маҳдии Ҳошимӣ нашуд ва таҷаммӯъкунандагон толори фурудгоҳро тарк карданд.

Тибқи гузоришҳо, таҷаммӯъкунандагон хостори бархӯрди дастгоҳи қазоӣ бо Маҳдии Ҳошимӣ барои нақши вай дар эътирозҳои соли 2009 шудаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG