Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Facebook ба зодрӯз 3000 меҳмони нохонда овард


Шаби ҷумъа полиси таъйиноти махсус дар як шаҳраки ҳолландӣ издиҳоми иборат аз тахминан 3000 ҷавонро пароканда кард. Онҳо бар пояи як даъванома дар Фейсбук (Facebook) ба шаҳри Ҳарен рафта буданд. Хабаргузориҳо навиштаанд, ки издиҳом ба ғорати дуконҳо ва тахриби моликияти сокинони Ҳарен даст зад. Дар ҷараёни амалиёти полис 6 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Захмҳои 3 нафари онҳо ҷиддӣ арзёбӣ шудааст. Аслан даъватнома дар Фейсбукро як духтар ҷой дода, мехостааст бо наздиконаш зодрӯзашро ҷашн гирад, вале ӯ фаромӯш кардааст, ки даъватномаро ҳамчун паёми хусусӣ дар ин шабакаи иҷтимоӣ ҷой диҳад. Ҳамин тариқ даъватнома ғайримунтазира ба воситаи вирус ба 20 ҳазор нафар ирсол шудааст.
XS
SM
MD
LG