Пайвандҳои дастрасӣ

ИМА барои тафтиши ҳамла дар Бенғозӣ комиссиюн таъсис кард


Кристофер Стивенс дар Бенғозӣ кушта шуд

Кристофер Стивенс дар Бенғозӣ кушта шуд

Вазорати умури хориҷии ИМА барои тафтиши сабабҳои ҳамла ба консулгарии кишвар дар шаҳри Бенғозии Либия комиссияи вижа таъсис кард. Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Амрико гуфт, ки раҳбарии ин комиссиюн бар дӯши дипломати маъруф Томас Пикеринг вогузошта шудааст.

Рӯзи 11 сентябр бар асари ҳамла ба консулгарии ИМА дар Бенғозӣ сафири Амрико дар Либия Кристофер Стивенс ва се амрикоии дигар кушта шуданд. Раиси Маркази миллии зиддитеррористии ИМА Мэтию Олсен ин ҳодисаро “ҳамлаи террористӣ” номид.

Ҳамла ба консулгарии Амрико дар Бенғозӣ рӯзҳое ба вуқӯъ пайваст, ки дар ин шаҳр намоишҳои густурдаи эътирозӣ бино ба нашри филми “Бегуноҳии мусалмонҳо” дар интернет идома доштанд.
XS
SM
MD
LG