Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пойгоҳи Русия дар Қирғизистон мемонад ва ...


Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия бо ҳамтои қирғизаш Алмосбек Отамбоев сарнавишти пойгоҳи низомии Русия ва бахшидани қарзи Қирғизистонро баррасӣ карданд. Владимир Путин баъди ин мулоқот дар Бишкек, пойгоҳи низомии Кант дар наздикии Бишкек ва пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон “як омили субот” дар Осиёи Марказӣ хонд. Бино ба гузоришҳо, созишнома дар бораи пойгоҳи Кант ба имзо расида ва Русияро барои он солона 4,5 миллион доллар пардохт хоҳад кард. Бар асоси созишномаи дигар, Русия бояд то соли 2016 қарзи тақрибан 500 миллион долларии Қирғизистонро бубахшад. Гузоришеро дар ин бора дар идомаи барнома мешунавем.
XS
SM
MD
LG