Пайвандҳои дастрасӣ

Огоҳони вазъ мегӯянд, камаш 20 духтари тоҷик аз Бадахшони Тоҷикистон ба Афғонистон фирор карда, ба мардони афғон издивоҷ намудаанд.

Қарияи Ёсиҷ охирин деҳкадаи кӯҳистонӣ дар вулусволии Шуҳадост, ки 105 километр аз Файзобод, маркази вилояти Бадахшони Афғонистон, дуртар аст. Сокинони он дар хонаҳои гилини қадимӣ зиндагӣ мекунанд.

Ҷое равам ки...

Дар миёни онҳо Фарангиз ном духтари тоҷик аз ноҳияи Ишкошим ҳам ба сар мебарад, ки ба никоҳи Халил, як писари афғон, даромадааст. Замоне ки мехостем, бо ӯ сӯҳбат кунем, аз пушти дари баста гуфт, то аз ҳамсараш иҷозат нагирад, бо касе чизе нахоҳад гуфт.

Барои хабарнигорон хеле душвор аст, дар муҳити хеле мазҳабӣ, ки ҳатто салом додан ба духтарон гуноҳ дониста мешавад, гузорише таҳия намояд. Бинобар ин, ночор ба маркази Шуҳадо баргашта ва аз фармондеҳ Қорӣ Вадуд кумак хостем. Ӯ хонум Фарангизро ба маркази Баҳорак хонд ва заминаи сӯҳбатро фароҳам сохт.

Фарангиз Донишкадаи давлатии Хоруғро ба поён расонда, бо як марди бесаводи рустоии афғон никоҳ кардааст. Вақте сабаби инро аз ӯ пурсидем, гуфт, хушунати хонаводагӣ сабаби фирори ӯ аз Тоҷикистон ва издивоҷаш бо бачаи афғон шудааст.

"Дар хонавода бисёр мушкилот сари ман буд. Мушкили аввал аз дасти бародаронам буд, ки ҳар рӯз лату кӯб мекарданд. Пас аз ин фикр кардам, ба ҷое шавҳар кунам, ки дигар набинамашон. Зиндагиям имрӯз агарчӣ сахт ва ё ширин аст, худам пеш мебарам. Захми табар беҳ аз захми сухан. Захми забони онҳо аз ёдам намеравад",-афзуд ӯ.

Шоҳидони ҳол мегӯянд, камаш 20 духтар аз вилояти Бадахшони Тоҷикистон ба таври ғайриқонунӣ вориди қаламрави Афғонистон шуда, бо бачаҳои афғон издивоҷ кардаанд. Мақомоти маҳаллӣ ҳам тасдиқ карданд, ки ҳадди ақал 15 тан аз атбои Тоҷикистон дар вулусволии Шаҳри Бузург ба ақди никоҳи афғонҳо даромадаанд. Як мақоми маҳаллӣ гуфт, бархе аз ин духтарон ба ивази пули маводи мухаддир ба Афғонистон интиқол дода шудаанд.

Дар тозатарин маворид Шарора, Азиза ва Фарангиз аз Ишкошиму Шуғнон вориди қаламрави Афғонистон шудаанд. Муҳаммадвазир Ҷалолӣ, як мақоми афғон, аз ҷумлаи ин се қазия фирори Азизаро таҳти пайгарди ниҳодҳои интизомӣ қарор додааст. Муҳаммадҳаниф Ҳаниф, ки баррасии парвандаи марбут ба қазияи Азизаро ба ӯҳда дошт, гуфт, ӯ иқрор кардааст, ки бо хоҳиши худ ба яке аз сокинони Мазори Шариф издивоҷ кардааст.

"Оқибати зулм ҳамин аст"

Фарангиз ҳам мегӯяд, яке дигар аз омили фирори духтарон аз Тоҷикистон ба Афғонистон бар иловаи хушунат, фиреб ва найранги писарбачаҳои тоҷик ва муроот нашудани ҳуқуқи занон аст. Вай афзуд, "паёми мо ба мардуми Тоҷикистон ва бародарону акаҳои тоҷик ин аст, ки сари духтарону хоҳарон ин қадар зулм накунед. Ҳар кас зулм кард, оқибаташ ҳамин қисмати ман аст."

Ба бовари нозирони маҳаллӣ, табодули духтарони тоҷик ба ивази маводи мухаддир ва хушунат аз омилҳои умда ва асосии издивоҷи аз ҳад беши духтарони тоҷик бо афғонҳо будааст, ки ба таври ғайриқонунӣ ба Афғонистон фирор кардаанд. Ин огоҳон мегӯянд, ҳарчанд парлумони Тоҷикистон қонунеро дар бораи маҳдуд кардани издивоҷи духтарони тоҷик бо хориҷиҳо ба тасвиб расондааст, вале дар чунин ҳолат зоҳиран ин қонун ба кор намеояд.

Даён Аҳмадӣ, хабарнигори Радиои Афғонистони Озод дар Бадахшон

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG