Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қундузи Афғонистон фаъоли ҲИУ кушта шуд


Макони ҳамлаи маргталабона дар яке аз кӯчаҳои Кобул
Макони ҳамлаи маргталабона дар яке аз кӯчаҳои Кобул
Рӯзи панҷшанбе нерӯҳои эътилофи байналмилалӣ ва артиши афғон тасдиқ карданд, ки рӯзи сешанбе Қорӣ Яҳё-пешвои Ҳаракати исломии Узбакистон дар деҳаи Қалъаи Золи вилояти Қундуз ба қатл расид.
Дар изҳороти нерӯҳои эътилоф гуфта мешавад, вақте сарбозон ба манзили Қорӣ Яҳё наздик шуданд, ӯ ва як пешвои дигари ин ҷунбиши ифротӣ манзилро тарк намуда, дар қиболи нерӯҳои эътилоф ва афғон муқовимат нишон доданд.
Дар натиҷаи амалиёти муштарак Қорӣ Яҳё ба ҳалокат расида, ҳамроҳ ӯ ба ҳабс гирифта шуд. Ба қавли низомиёни эътилоф ва артиши афғон Қорӣ Яҳё масъули ташкили ҷиҳози тарканда барои ҳамлаҳо дар вилояти Қундуз будааст. Дар ин амалиёт боз чор ошӯбгари дигар дастгир шудаанд.
XS
SM
MD
LG