Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи ҳавоии Исроил ба Навори Ғазза


Бино ба гузоришҳо, бар асари ҳамлаи ҳавоии Исроил дар Навори Ғазза ду нафар кушта ва як тани дигар захмӣ шудааст. Чархболи исроилӣ дар шаҳри Рафаҳи таҳти назари Ҳамос як мошинро ҳадаф гирифтааст. Артиши Исроил гуфт “омилони террорро” нишон гирифт, ки ба қочоқи силоҳ аз Миср ба Ғазза машғул буданд. Аммо созмони Ҳамос гуфт, ин ду нафар маъмурияти маъмулии назорати марз миёни Ғазза ва Мисрро анҷом медоданд. Пештар аз ин артиши Исроил гуфт, ки тундравони фаластинӣ аз Ғазза ба ҷануби Исроил бо хунпораандоз ҳамла карданд, вале касеву чизе осеб надидааст.
XS
SM
MD
LG