Пайвандҳои дастрасӣ

Бадрафторӣ дар маҳбас сари вазири гурҷиро ба бод дод


Хатуна Калмакалидзе, вазири маҳбасҳои Гурҷистон

Хатуна Калмакалидзе, вазири маҳбасҳои Гурҷистон

Ошкор шудани мавридҳои бадрафторӣ дар яке аз зиндонҳои Гурҷистон ҷанҷолеро дар ин кишвар ба по кардааст.

Навори видеоӣ бо саҳнаҳои барафторӣ ба зиндониён дар яке аз зиндонҳои Тбилисӣ - пойтахти Гурҷистон мавҷи эътирози хонаводаҳои зиндониён ва ҳомиёни ҳуқуқии инсонро ба миён овард. Дар баъзе шаҳрҳои Гурҷистон мардум бо талаби муҷозоти мақомоти дастандаркор ба кӯчаҳо рехтанд. Дар пайи ин ҷанҷол баъзе мақомдорон курсиҳои худро аз даст доданд.

Сабти пинҳонии саҳнаҳои зӯроварӣ бар зиндониён рӯзи гузашта ошкор шуд ва аз тариқи шабакоҳи телевизионии марбут ба мухолифин пахш гардид. Гуфта мешавад, саҳнаҳои ваҳшатнок дар зиндони рақами 8 таҳия шудаанд. Наворҳо саҳнаҳоеро нишон додаанд, ки зиндонбонҳо маҳбусонро бо "дубинка" ва ҷорӯб таҷовуз мекарданд. Ҳамчунин саҳнае наворбардорӣ шудааст, ки дар он 20 муҳофизи зиндон, бо навбат ба тани маҳбусон мушту лагад мезаданд.

Навори шиканҷаро собиқ ходими ин зиндон Владимир Бедукадзе, ки ба Белгия фирор кардааст, пешниҳод кард ва ин наворҳо дар як нишасти фаъолони Гурҷистон дар хориҷ муаррифӣ шуд. Владимир Бедукадзе дар сӯҳбат бо шабакаи “ТВ-9” гуфт, зиндониён дар ин маҳбас ва маҳбасҳои дигар бо амри мустақими вазири умури дохилӣ Бачо Ахалая шиканҷа мешуданд ва вазири маҳбасҳо Хатуна Калмахалидзе низ аз ин ҳодисаҳо огоҳ буд.

Аз сӯи дигар, ҳукумат баъзе мансабдорони маҳбасро ба саҳнасозии шиканҷаи маҳбусон ва наворгирӣ аз он муттаҳам кард, ки бо дархости яке аз маҳбусон бо номи Тамаз Тамазашвилӣ сурат гирифтааст. Ба қавли мақомот Тамазашвилӣ бо ҳаракати мухолифин зери раҳбарии миллиардер Бидзина Иванишвилӣ робита дорад

Мавҷи эътирозҳо

Баъд аз намоиши саҳнаҳои ваҳшатноки шиканҷа, дар шаҳрҳои асосии Гурҷистон - Тбилисӣ, Потӣ ва Горӣ эътирозҳои густарда баргузор шуданд. Ҳамчунин хешу табори маҳбусон дар назди бинои зиндон гирдиҳамоӣ карданд. Тазоҳургарон
Тазоҳурот дар Тбилисӣ.

Тазоҳурот дар Тбилисӣ.

талаб доранд, вазири умури дохилӣ якҷоя бо вазири иҷрои муҷозот ба истеъфо бираванд ва аз рӯи аъмоли онҳо парвандаи ҷиноӣ боз шавад.

Шаби гузашта президенти Гурҷистон Михаил Саакашвили низ дар бораи ин ҳодиса изҳори назар кард. Ӯ ин амалро “золимона” ва бар зидди шарафи инсоният унвон кард. Президенти Гурҷистон гуфт, ҳар нафаре, ки ин дар ин амалҳо даст дорад, мӯъҷиби ҷазои зангин аст ва ҳамаи онҳо муҷозот хоҳанд шуд.

Аввалин парвандаҳои ҷиноӣ ва истеъфоҳо

Вазорати умури дохилии Гурҷистон аз боздошти се нафар дар заминаи муносибати ғайриинсонӣ бо зиндониён хабар дод. Иттиҳоми расмӣ алайҳи раҳбари бахши амниятии зиндони рақами 8 Леван Пурцхванидзе ва назоратчии маҳбас Борис Парулава эълон шудааст. Ҷустуҷӯи як мақоми дигар Владимир Бедукадзе, назоратчии навбатдори маҳбас идома дорад. Ба гуфтаи вазорати умури дохилии Гурҷистон, Пурсхванидзе, Бедукадзе ва чанд нафари дигар, ки дар зери таъсири онҳо қарор доштанд, аъмоли ғайрибашариро алайҳи зиндониён пиёда карданд ва ба навор бардоштанд.

Ба гуфтаи вазорат, ҳангоми ҷустуҷӯ дар дафтари кории Пурсхванидзе, навори муносибати ғайрибашарӣ бо зиндониён, 17 ҳазор доллар ошкор шудааст. Вазорат мегӯяд, ин гурӯҳ эҳтимолан дар ҷиноятҳои ҳамсанги шиканҷа даст доштааст.

Интизор меравад, ҷанҷоли бадрафторӣ ба зиндониён сари чандин мақомотро бар бод бидиҳад. Хатуна Калмахалидзе, вазири маҳбасҳои Гурҷистон дар қадами аввал ноиби худро аз кор озод кард ва дар пай, худи ӯ низ ба истеъфо рафт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG