Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар бомбгузориҳои Покистон 10 тан кушта шуданд


Бар асари ду бомбгузорӣ дар Покистон дасти кам 10 нафар кушта шуданд. Таркиши пайи ҳами ду бомб дар бозоре дар шаҳри Карочӣ аз ҷумла шаш кушта ва даҳҳо захмӣ бар ҷой гузошт. То кунун касе масъулияти ин бомбгузориҳоро бар дӯш нагирифтааст. Дар ҷойи дигар як маргталаб мошини бобмгузоришудаашро ба автобуси зойирони шиъамазҳабе кӯбид, ки аз Эрон ба шаҳри Кветта дар вилояти Балуҷистони Покистон равон буданд. Дар ин ҳамла 2 тан кушта ва 9 нафар маҷрӯҳ шудаанд. Агарчӣ касе масъулияти ин ҳамларо бар дӯш нагирифтааст, аммо онро кори дасти Толибон медонанд.
XS
SM
MD
LG