Пайвандҳои дастрасӣ

НАТО бо нерӯҳои афғон амалиёти муштарак доир нахоҳад кард


Нерӯҳои байналмилалии таҳти фармони НАТО баргузории амалиётҳои муштарак бо нерӯҳои афғонро мутаваққиф карданд. Онҳо тасмими худро бо таҳдиди мавриди ҳамлаи сарбозони афғон қарор гирифтани низомиёни ғарбӣ марбут кардаанд. Фақат дар поёни ҳафтаи гузашта аз тири кормандони пулиси афғон 6 сарбози эътилоф, аз ҷумла, 2 бритониёӣ кушта шуданд.

Вазири дифои ИМА Леон Панетта, ки бо сафари расмӣ дар Чин қарор дорад, гуфт, фармони ахир ҷадвали хуӯҷи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон дар поёни соли 2014-ро тағйир нахоҳад дод.

Афзал Амон, як масъули вазорати дифои Афғонистон ба хабаргузории Ройтерз гуфт, ки онҳо дар бораи ин тасмими нерӯҳои байнулмилалӣ хабари расмӣ дарёфт накардаанд.
XS
SM
MD
LG