Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Путин баъди 2 рӯз ба Қирғизистон меравад


Путин ва Отамбоев (Акс аз бойгонӣ)

Путин ва Отамбоев (Акс аз бойгонӣ)

Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин рӯзи 19 сентябр аз Қазоқистон ва 20 сентябр аз Қирғизистон боздид хоҳад кард.

Владимир Путин дар шаҳри Павлодар дар раъси як ҳайъати давлатӣ дар ҳамоиши 9-уми ҳамкориҳои байниминтақавии Русияву Қазоқистон ширкат варзида, аз инҷо озими Бишкек хоҳад шуд.

Мудири шӯъбаи равобити хориҷии дастгоҳи раёсатҷумҳурии Қирғизистон Сафар Исҳоқов ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ сафари рӯзи 20 сентябри Путинро тасдиқ карда, гуфтааст, феълан ниҳодҳои марбута маҷмӯъи асноди заруриро барои имзои тарафҳо омода мекунанд.

То охирин лаҳазот мақоми ин сафар маълум набуд, ки сафари расмист, корӣ ё ғайрирасмӣ. Сафорати Русия дар Бишкек қаблан гуфта буд, ки Путин барои як рӯз ва бо сафари ғайрирасмӣ ба Қирғизистон хоҳад омад. Аммо расонаҳои қирғизӣ мегӯянд, ин сафари якрӯза, вале корист, чунки дар ҷараёнаш имзои дастикам 6 қарордоди ҳамкорӣ байни Маскаву Бишкек дар назар дошта шудааст.

“Вечерний Бишкек” хабар дод, ки то кунун мӯҳтавои 4 созишнома маълум аст, ки қарордодҳои бунёду истифодаи нирӯгоҳи дувуми Қамбар-Ота, сохтмони силсилаи нирӯгоҳҳо дар қисмати болоии рӯди Норин, таҳкими равобити ҳампаймонӣ байни ду кишвар ва ҳам созишнома дар мавриди мақоми пойгоҳи муштараки низомӣ дар Қирғизистонро дар бар хоҳанд гирифт.

Маскаву Бишкек дар мавриди шева ва шароити ҳамкорӣ дар ин масоил дар ҷараёни сафари рӯзи 21 августи муовини аввали сарвазири Русия Игор Шувалов ба тавофуқ расиданд. Замони қарордоди 4 пойгоҳи низомии Русия дар Қирғизистон дар соли 2017 ба поён мерасад. Қирғизистон монанди Тоҷикистон барои тамдиди замони ҳузури пойгоҳҳои Русия пули иҷора мехост, вале бино ба ахбори расида, ду ҷониб усулан тавофуқ кардаанд, ки баъд аз соли 2017 ин пойгоҳҳо барои 15 соли дигар иҷозаи ҳузур пайдо мекунанд ва аз пардохти пули иҷораву ҳаққи хадамоти коммуналӣ ва ҳатто пули як миқдори муайяни нирӯи барқ озод хоҳанд шуд.

Пойгоҳи Кант

Пойгоҳи Кант

Жогорку Кенеш – парлумони Қирғизистон ахиран ба баррасии тарҳи қарордоди низомии ду кишвар шурӯъ кард. Нурлан Тӯрабеков – узви кумитаи равобити байналмилалии Жогорку Кенеш ба Радиои Озодӣ гуфт, ин тарҳ нуқтаҳои зиддунақиз зиёд дорад, вале ба сурати умум қобили қабул аст: “Баҳсбарангезтарин нуқтаҳои тарҳи қарордод масъалаи пули иҷора барои пойгоҳи Кант ва эътои масунияти низомӣ ба ин пойгоҳ аст. Вақте Маркази ҳамлунақли транзитии НАТО чунин масуният надорад, аз рӯи инсоф нест, агар мо айни масуниятро ба Кант надиҳем. Аксари вакилон аз ин пешниҳод пуштибонӣ карданд. Ҳарчанд мухолифин ҳам буданд.”

Бино ба хабарҳо, дар ивази чунин гузашт Маскав бояд ҳудуди 500 миллион доллар қарзи ҷамъшудаи Қирғизистонро ботил кунад. Хабарнигори бахши қирғизии Радиои Озодӣ Айданбек Аҳмад-уулу мегӯяд, қарор аст, 190 миллион доллар аз ин қарз билофосила ва 300 миллиони дигараш баъд аз соли 2016 батадриҷ дар муддати 10 сол бахшида шаванд.

Қирғизистон, ки мисли Тоҷикистон ба фарқ аз 3 кишвари дигари Осиёи Марказӣ газу нафт надорад ва дар фасли сармо низ ба камбуди шадиди нирӯи барқ дучор мешавад, дар ивази додани макон ба пойгоҳҳои низомии Русия ба ҷалби сармояи он кишвар ба сохтмони нирӯгоҳҳояш сахт умед бастааст. Раиси ин ҷумҳурӣ Алмосбек Отамбоев рӯзи 12 сентябр дар парлумон гуфт, Русия омода аст, дар рӯди Норин ба ҷои 4 нирӯгоҳ 8 нирӯгоҳ бино кунад: “Баъди онки ширкати русии “Русгидро” аз азми Чин барои харидории нирӯи барқи Қирғизистон дарак ёфт, ҷониби Русия тасмим гирифт, то шумори нирӯгоҳҳои нақшавӣ дар ин рӯдхонаро ду маротиба биафзояд.”

Маҳалли сохтмони нирӯгоҳи Қамбар-Ота

Маҳалли сохтмони нирӯгоҳи Қамбар-Ота

Аммо муҳимтарин тарҳи энержии Қирғизистон, албатта, нирӯгоҳи Қамбар-Ота -1 аст, ки ба мисли Роғун ба мухолифати шадиди кишварҳои поёноб, ба хусус Узбакистон дучор шудааст. Раиси он ҷумҳурӣ Ислом Каримов ҳафта пеш ҳушдор дода буд, ки бунёди Роғун ва Қамбар-Ота метавонад ҳатто мунҷар ба низоъи низомӣ дар минтақа шавад.

Хабарнигори бахши қирғизиии Радиои Озодӣ мегӯяд, ҷониби Русия зоҳиран таъмини 2 миллиард доллар сармояи лозим барои сохтани ин нирӯгоҳи бузургро ҳам ваъда додааст, вале ҳанӯз ин қартаи худро намекушояд. Сиёсатмадорон дар шарҳи мавзӯъ ба таври дипломатӣ бо ин чанд ҷумла иктифо мекунанд, ки машваратҳо ва музокирот дар ин масъала идома доранд. Коршиносон чунин эҳтиётро боз ҳам ба мухолифати эҳтимолии Тошканд рабт медиҳанд.
XS
SM
MD
LG