Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирозҳо алайҳи "Бегуноҳии мусалмонҳо" дар Кобул


Дар Кобул, пойтахти Афғонистон, садҳо нафар дар намоиши эътирозӣ алайҳи филми зиддиисломии “Бегуноҳии мусалмонҳо”, ки дар Амрико навор гирифта шудааст, ширкат карданд. Эътирозгарон шиорҳои зиддиамрикоӣ мезаданд, балонҳои мошинҳоро месӯзонданд ва сӯи полис санг меандохтанд.

Эътирозҳо дар қисмати шарқии Кобул, дар наздикиҳои пойгоҳҳои низомии ИМА ва НАТО шурӯъ шуданд. Раиси полиси пойтахт Муҳаммад Солангӣ гуфт, ки бархе аз эътирозгарон сӯи кормандони полис оташ кушоданд. Ба нерӯҳои амниятӣ амр шудааст, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз бархӯрдҳо, сӯи издиҳом оташ накушоянд. Дасти кам 40 корманди полис ҷароҳатҳои сабук бардоштаанд.

Бар асари эътирозҳо алайҳи нашри филми “Бегуноҳии мусалмонҳо” то имрӯз 17 нафар, аз ҷумла, сафири ИМА дар Либия, кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG