Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА дипломатҳояш дар Тунису Судонро коҳиш дод


Эътирозгарони тунисӣ дар боми сафорати ИМА
Эътирозгарони тунисӣ дар боми сафорати ИМА
Департаменти давлатии ИМА эълон кард, ки кормандони кумакрасони
ҳукуматиро аз Тунис ва Судон фаро мехонад. Як рӯз пеш аз он сафорати ИМА дар ин ду кишвари африқоӣ мавриди ҳамлаи эътирозгарон қарор гирифта буданд. ИМА ба шаҳрвандонаш ҳушдор додааст, ки аз сафар ба ин ду кишвар худдорӣ кунанд. Аз рӯзи сешанбе ба ин тараф, яъне аз замони пахши навори видеои як филми зиддиисломӣ дар интернет дар як идда мамолики мусулмонӣ сафоратҳои ИМА ва баъзе кишварҳои ғарбӣ мавриди ҳамла қарор гирифтаанд. Бар асари ҳамла болои консулгарии ИМА дар шаҳри Бенғозии Либия сафири ИМА ва се дипломати дигари амрикоӣ ҳалок шуданд.
XS
SM
MD
LG