Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирозҳо бар зидди филм давом доранд


Президенти ИМА Барак Обама ва котиби давлатии ИМА Ҳилларӣ Клинтон дар қароргоҳи департаменти давлатии ИМА
Президенти ИМА Барак Обама ва котиби давлатии ИМА Ҳилларӣ Клинтон дар қароргоҳи департаменти давлатии ИМА
Эътирозҳо бар зидди филми тавҳинкунандаи дини ислом ҳамоно идома доранд. Дар раҳпаймоиҳои эътирозии назди сафорати ИМА дар Қоҳираи Миср, ки рӯзи рӯзи ҷумъа оғоз ёфта, рӯзи шанбе идома дошт, ҳадди ақалл як кас кушта ва даҳҳо нафари дигар маҷрӯҳ шуданд.
Умуман, раҳпаймоиҳои ахир дар камаш 20 кишвари минтақаи Ховари Миёна ва ҷанубу шарқи Осиё ҳаёти камаш 4 эътирозгарро аз байн бурдаанд.
Аксари раҳпаймоиҳо ба таври осоишта шурӯъ шуда, сипас ба бархӯрд бо нерӯҳои амниятӣ табдил ёфтаанд. Хушунат беш аз ҷойҳои дигар дар Тунис ва Судон ба қайд гирифта шуд. Дар ҳоле, ки издиҳоми бузурги эътирозгарогн сафорати Амрико дар шаҳри Санъои Яманро иҳота карда буд, ба ин кишвар гурӯҳи хоси сарбозони баҳрии ИМА фиристода шуд.
Дар ин байн ҷасадҳои сафир ва се дипломати амрикоӣ, ки ҳафтаи равон дар Либия кушта шуданд, ба ИМА интиқол ёфтаанд.
Дар пойгоҳи ҳавоии канори шаҳри Вашингтон президенти ИМА Барак Обама гуфт, масъулони ҳамла болои консулгарии ИМА дар Бенғозӣ, ки боиси фавти сафири Крис Стивенс ва се дипломати дигари амрикоӣ гардид, ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд.
Ба шумо, аҳли оилаатон ва ҳамкоронатон ба ҳамаи амрикоиҳо гуфтаниам, ки ин қурбонӣ фаромӯш нахоҳад шуд. Мо қотилонро ба адолат хоҳем кашид. “
Дар Теҳрон раҳбарии олии ҷумҳурии исломӣ оятуллоҳ Алии Хоманайӣ аз ИМА даъват кард, ки тавлидкунандагони филми зидди исломиро муҷозот кунад.
Маъмурияти президент Обама филми зидди исломиро маҳкум кардааст.
XS
SM
MD
LG