Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷирони корӣ полиси Русияро лату кӯб кардаанд


Муҳоҷирони корӣ полиси Русияро лату кӯб кардаанд. Хабаргузории Интерфакси Русия аз Маскав иттилоъ медиҳад, ки дар амалиёти манъи тиҷорати ғайриқонунӣ 5 ходими полис захм бардоштаанд.
Ба қавли полис афсарон тоҷирони ғайриқонунӣ: як шаҳрванди Тоҷикистон ва панҷ шаҳрванди Қирғизистонро боздошт намуданд, вале баъди чанде издиҳоми афроди ғазаболуд автобуси полисро иҳота карда, ба тарафи афсарон сангу пораҳои оҳан ҳаво додааст.
Полис мегӯяд, афсарон маҷбур буданд, ки барои эҳёи назму субот боз ду шаҳрванди Тоҷикистон, се қирғиз ва як мисриро боздошт намоянд.
XS
SM
MD
LG