Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коргардони "Маъсумияти мусулмонон" зери ҳимояти пулис гирифта шуд


Сэм Бейсил-коргардон ва таҳиягари филми “Маъсумияти мусулмонон” ё “Бегуноҳии мусулмонон”, ки дар ҷаҳони ислом боиси тазоҳуроти эътирозӣ шудааст, зери нигаҳбонии пулис даромадааст.

Бейсил 55 сол дорад ва аз қибтҳои масеҳии Миср мебошад. Вай соли 2010 барои фасод дар амалиёти бонкӣ ба муҷозот кашонда шудааст.

Дар Лубнону Ироқ, Тунису Марокаш, Судону Банглодеш мардум бар зидди ин филм ба эътироз баромаданд.

Дар Мисру Либия ва Яман тазоҳуроти эътирозӣ ба хушунат табдил ёфт ва пулис вориди амал шуд.
XS
SM
MD
LG