Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бузургтарин тазоҳуроти муаллимон дар Словакия


Дирӯз дар Словакия бузургтарин тазоҳуроти эътирозии муаллимон дар таърихи ин кишвар баргузор шуд. Онҳо ба андозаи 10 дарсад боло бурдани маоши худро тақозо мекарданд.

Дар тазоҳурот 90 дарсади муаллимони синфҳои ибтидоии мактабҳо 80 дарсади муаллимони синфҳои болоӣ ва устодони донишгоҳҳо ширкат доштанд.

Ҳоло дастмузди муаллимон дар Словакия аз 400 то 580 евро мебошад, дар ҳоле, ки дастмузди миёна дар ин кишвар 770 евроро ташкил медиҳад.

Роберт Фитсо-нахуствазири Словакия дар вокуниш ба ин тазоҳурот гуфт, вай ба ҳуқуқи муаллимон эҳтиром мегузорад, вале наметавонад дастмузди онҳоро боло барад, зеро Иттиҳодияи Аврупо тақозо кардааст, ки касри будҷаро ин кишвар то ба 3 дарсад расонад.

Ҳафтаи оянда мулоқоти иттифоқҳои касабаи муаллимон бо намояндагони вазорати маориф дар назар гирифта шудааст.
XS
SM
MD
LG