Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амалиёти муштарак дар Бадахшони Афғонистон


Маҳви майдони кишти маводи мухаддир дар Афғонистон
Маҳви майдони кишти маводи мухаддир дар Афғонистон
Мансабдорони Русия мегӯянд, дар амалиёти муштараки хадамоти мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Русия, ИМА ва Афғонистон шаш лабораторияи ғайрирасмӣ ва беш аз панҷуним тонна маводи мухаддир маҳв гардонида шудааст. Ба қавли хадамоти федералии назорат бар гардиши маводи мухаддири Русия ниҳодҳои Русия, ИМА ва Афғонистон рӯзи 12 сентябр дар вилояти шимолии Бадахшони Афғонистон амалиёт гузаронида, 180 килограмм ҳероин, 1500 килограмм морфин ва миқдори зиёди ҷиҳози химиявии зарурӣ дар тавлиди маводи мухаддирро мусодира карданд. Дар ин амалиёт 70 афсари полиси афғон ва чанд тан аз афсарони Русия ва ИМА ширкат варзидаанд. Маводи мухаддири Афғонистон одатан тавассути Осиёи Марказӣ ва аз он ҷо ба Русия интиқол меёбад.
XS
SM
MD
LG