Пайвандҳои дастрасӣ

"Бештари наврасон намедонанд, ҷиноят чист ва ҷинояткор кист"


Умед Ҳамидов, пажӯҳишгари ҷавони тоҷик.

Умед Ҳамидов, пажӯҳишгари ҷавони тоҷик.

Як пажӯҳиш маълум кардааст, ки аксари наврасони тоҷик намедонанд, кадом амал ҷиноят аст ва ҷинояткор кист.

Ба ақидаи муаллифи ин пажӯҳиш, омили аслии ба олами ҷиноят фурӯ рафтан ва ҷинояткор шудани насли наврас, маҳз дар паст будани дониши ҳуқуқӣ ва ноогоҳӣ онҳо роҷеъ ба қонунгузориҳои ҷиноии кишвар аст.

Умед Ҳомидов, омӯзгор ва аспиранти соли чоруми донишгоҳи омӯзгории ба номи Садриддин Айнӣ ин пурсиши худро дар миёни хонандагони синфҳои ибтидоии 4 мактаби миёнаи кишвар анҷом додааст. Бар пояи натиҷаҳои ин пажӯҳиш, қариб 50 дарсади муҳассилин намедонистаанд, ки кадом амалҳо ҷиноят аст. Аз ҷумла онҳо аз ҷиноят будани амали дуздӣ ҳам огоҳ набудаанд. Ба гуфтаи муаллиф, аксари наврасон вайрон кардани қоидаҳои роҳ ва дурӯғ гуфтанро ҳам ҷиноят меҳисобидаанд.

Пурсиши мазкур ҳамчунин муайян кардааст, ки теъдоди хеле ками ҷавонон аз Ин гурӯҳи ҷавонон ва наврасон, соли ҷорӣ барои куштор маҳкум ба зиндон шуданд.

Ин гурӯҳи ҷавонон ва наврасон, соли ҷорӣ барои куштор маҳкум ба зиндон шуданд.

синни ба ҷавобгари ҷиноӣ кашида шудан, огоҳанд. 70 дарсади пурсидашудаҳо дар ин маврид ба синни 18 ва ҳатто 20 ишора кардаанд. Танҳо 30 дарсад ба ин суол посухи дуруст додаанд. Онҳо гуфтаанд, ки аз синни 14 барои амалҳои ноҷо ва ғайриқонунӣ кас метавонад муҷозот шавад. Муаллифи ин пажӯҳиш Умед Ҳамидов ин натиҷаҳоро нигаронкунанда хонда навиштааст, ки маҳз ин ноогоҳии наврасон аз оддитарин масоили ҳуқуқӣ ва надонистани оқибати амали худ, аксар вақт боиси содир гаштани ҷинояту ќонуншиканиҳо аз ҷониби онҳо мешавад.

Умед Ҳомидов, дар мавриди анҷом додани як чунин пажӯҳише миёни наврасон гуфт: «Ман аз соли 2009 ба пажӯҳиши ин мавзӯъ машғул ҳастам ва албатта баъди ҷанги шаҳрвандӣ, теъдоди наврасоне, ки ба ҷиноятпешагӣ, оворагӣ ва дигар корҳои ношоям даст мезананд, афзоиш ёфтанд. Ман ин пажӯҳишро дар шакли пурсиши тестӣ анҷом додам ва муайян шуд, ки мутаасифона сатҳи маърифати ҳуқуқии наврасон паст аст. Ин ҳам чанд сабаб дорад. Дар мактабҳо корҳои тарбиявӣ, берун аз синфӣ чандон мувофиқи матлаб гузаронида намешавад. Аз сӯйи дигар дар хонаводаҳо имрӯз аксаран падарон ба муҳоҷират мераванд, модарон чандон маълумоти кофӣ надоранд, аз куҷо метавонанд ба фарзандони худ дар ин мавзуҳо маълумот диҳанд. Ва як омили дигар ҳам ин аст, ки солҳои шӯравӣ маҳфилу муассисаҳои таълимии берун аз мактабӣ фаъолият мекарданд ва наврасон ба дар ин маконҳо ба корҳои таълиму тарбия фаро гирифта мешуданд. Имрӯз ин ҳама нест. »

Умед Ҳамидов дар гузориши худ, аз муассир набудани дарсҳои имаърифати ҳуқуқӣ дар макотиби миёни ёдовар шудааст. Ҳаштоду як дарсади наврасоне, ки Танҳо писарҳо нестанд, ки "разбор" мекунанд... Акс аз бойгонӣ.

Танҳо писарҳо нестанд, ки "разбор" мекунанд... Акс аз бойгонӣ.

дар ин пурсиш ширкат кардаанд, изҳор доштаанд, ки боре ҳам барои аз наздик ошно шудан ба кори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва милисаҳо, ба муассисаҳои қудратӣ нарафтаанд ва дар ин бора чизе намедонанд. Муҳаққиқи ҷавон барои коҳиш додани мизони ҷинояткорӣ дар миёни насли наврас ва ҷавонон, дар гузориши худ чанд пешниҳод ҳам кардааст.

“Хуб аслан барои боло бурдани сатҳи маърифати ҳуқуқии наврасон пеш аз ҳама бояд сатҳи дониши ҳуқуқии волидонро бояд бурд. Ва дар ин зимн нақши васоити ахбори омма бузург аст. Аммо тавре имрӯз мебинем, дар шабакаҳои давлатии телевизионӣ фақат таблиғи ватандӯстӣ мекунанд. Ин ҳам хуб аст, аммо ба ҳар сурат, вақте мо мегӯем, ки дар ҷомеаи демократӣ ба сар мебарем, хуб мебуд, ки ба тарбияи ҳуқуқии омма таваҷҷӯҳ мекардем. Аслан дар ин сину сол, яъне дар синфҳои ибтидоӣ ба бачаҳо дарси ҳуқуқ дода намешавад, вале бояд бо онҳо дар ин мавзӯъ корҳои берун аз синфӣ, ё берун аз мактабӣ бурда шаванд. Агар маоши омӯзгорон ба зиндагиашон басандагӣ мекард, албатта онҳо ҳам ба кори худ бо дили гарм машғул мешуданд ва ин мушкил ҳам аз байн мерафт. Ин пажӯҳишро ҳоло, ки ман худ омӯзгорам дар кори омӯзгориам истифода мебарам. ”
Ба бовари ин ҷавон, донистани оқибати ин ё он амал, наврасонро водор месозад то аз даст задан ба ҳар гуна амалҳои ғайриқонунӣ худдорӣ кунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG