Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳарфи "Роғун" дар Форуми энержӣ дар Қирғизистон


Тоҷикистон хостори ҳамгироии амалии кишварҳои минтақа дар ҳалли тақсими дурусти захоири оби Осиёи Миёна шудааст. Дафтари матбуоти вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон рӯзи панҷшанбе иттилоъ дод, ки рӯзи чаҳоршанбе дар Қирғизистон бо ширкати намояндагони кишварҳои Осиёси Марказӣ, Форуми байналмилалӣ оид ба масъалаҳои энержӣ баргузор шуд. Ҳайати Тоҷикистонро дар ин форум Назар Ғоибов, сардори раёсати вазорати энергетика ва саноат раҳбарӣ мекунад. Дар ин нишаст ҷониби Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки сохтмони нерӯгоҳи обию барқии Роғун метавонад ҳамчун танзимбахши захоири об дар Осиёи Марказӣ хизмат кунад. Ба қавли Дафтари матбуоти ин вазорат, намояндаи Тоҷикистон Назар Ғоибов дар мавриди иддаои баъзе кишварҳои ҳамсоя гуфтааст, ки ҳадафи аз бунёди "Роғун" қатъ кардани об ба тарафи кишварҳои поёноб набуда, балки Тоҷикистон мехоҳад садҳо ҳектор заминҳои сӯхтаро обёрӣ кунад. Намояндаи Тоҷикистон гуфтааст, ки кишвараш ҷонибдори ҳалли мунсифонаи тақсими захоири оби Осиёи Марказӣ мебошад.
XS
SM
MD
LG