Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"iPhone 5" муаррифӣ шуд ва моҳи декабр ба Душанбе мерасад


Шоми рӯзи 12--уми сентябр ширкати Apple дар шаҳри Сан- Франсискои Амрико ҷадидтарин телефони ҳушманд - "iPhone 5"-ро муаррифӣ кард.

Тим Кук, роҳбари ширкати Apple зимни муаррифии он гуфт, ки «iPhone 5" аз ҳама айфонҳои қаблан сохтаи ин ширкат зебо ва наҳифтар аст».

Ғафсии он 7, 6 милиметр буда, 112 гарамм вазн дорад. Рӯйпӯши "iPhone 5" аз шиша ва қафояш аз алюминий сохта шудааст.

Аммо ба гуфтаи масъулини ин ширкат, бартарии асосии айфони нав, қабули шабакаи 4G аст ва суръати дастрасӣ ба интернет дар ин смартфон метавонад то ба 100 мегабит /сония расад.

Ба гуфтаи Тим Кук, iPhone 5 бо протсессори навтарин муҷаҳҳаз шуда, аз айфонҳои қаблӣ ду маротиба тезтар кор мекунад. Батареяи ин самартфони нав барои 8 соат кори бетанафус қодир будааст.

Ҳамчунин имкониятҳои аудио ва сурату наворбардории "iPhone 5" ба маротиб аз навъҳои қаблии он беҳтар шуда, наворбардори 8 мегапикселии он қодир аст, ки аз макони торик ҳам аксҳои босифат бардорад.

Нархи "iPhone 5" дар Амрико бо хотираи 16 гигабайти 199 доллар ва бо хотираи 64 гигабайт 399 долларро ташкил медиҳад. Фурӯши расмии айфонҳои нав дар худи Амрико, Канада, Британияи Кабир, Фаронса, Олмон, Австралия, Ҷопон, Ҳонконг ва Сингапур аз 21-уми сентябри соли ҷорӣ оғоз хоҳад шуд.

Тавре дар сӯҳбат ба «Озодӣ» дар фурӯшгоҳи расмии маҳсулоти ширкати Аpple дар Душанбе- Icom гуфтанд, муштариёни тоҷик "iPhone 5"-ро аз моҳи декабри соли ҷорӣ аз ин мағоза метавонанд харидорӣ кунанд. Ба гуфтаи намояндаи ин фурӯшгоҳ, "iPhone 5" дар Душанбе аз нархи Амрико 30 дарсад гаронтар хоҳад буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG