Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Э.Раҳмон аз андешаҳои тундгароӣ ҳушдор дод


Э. Раҳмон

Э. Раҳмон

Дирӯз Тоҷикистон 21-ӯмин солгарди истиқлоли давлатии худро ҷашн гирифт. Дар остонаи ин ҷашн Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳур зимни суханронии худ аз таелевизион мардуми кишварашро бо ҷашни истиқлол шодбош гуфт ва чунин таъкид кард:

“Нагзорем, ки андешаҳои бегонапарстӣ, ифротгароиву тундравӣ ва таассубу тахрибкорӣ ба тафаккури мардуми мо, ба хусус ба тафаккури наврасону ҷавонон нуфуз пайдо кунад”.

Ба муносибати ҷашни солгард дар наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе маросими идона барпо шуд. Дар шаҳрҳову ноҳияҳои дигари Тоҷикистон низ ба ин муносибат маросимҳо баргузор карданд.
XS
SM
MD
LG