Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳоди рӯзноманигорони тоҷик дар бораи либоси хос


Рӯзноманигорон ва созмонҳои журналистии Тоҷикистон хостори як либоси хос бо ранги хос шуданд, то онҳо ҳангоми таҳияи маводаз ҷараёни гирдиҳамоиҳо ва эътирозу ҳамоишҳо фарқ кунанад.

Нуриддин Қаршибоев-раиси НАНСМИТ ё Анҷумани миллии расонаҳои хабарии Тоҷикистон рӯзи ҷумъа ба радиои Озодӣ гуфт, 8 сентябр Рузи ҷаҳонии ҳамгароии рӯзноманигорон аст ва ба ин муносибат 7 сентябр намояндагони созмонҳои рӯзноманигории Тоҷикистон ва кормандони созмонҳои байналмилалии рӯзноманигорӣ ҳамоише баргузор карданд.

Дар ин ҳамоиш рӯзноманигорон бештар дар бораи инъикоси ҳаводиси марбут ба сухтори “Корвон” аз тарафи журналистон ва бархурди кормандони пулис бо онҳо сӯҳбат карданд ва бо назардошти он доштани либоси хос ба рӯзноманигоронро пешниҳод намуданд.
XS
SM
MD
LG