Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бонки марказии Аврупо нақшаҳои худро эълон мекунад


Марио Драғӣ
Марио Драғӣ
Интизор меравад, ки Бонки марказии Аврупо тадбирҳои навро барои мубориза бо бӯҳрони қарз эълон кунад. Марио Драғӣ-раиси бонки мазкур гуфт, вай омода аст дар ҳар ҳолат аз пули евро дифоъ кунад.

Интизор меравад, ки эъломияи вай дар ҷаласаи маъмулии моҳонаи ин бонк рӯзи панҷшанбе садо диҳад. Вай ба нақша гирифтааст, ки пардохти қарзҳои ҳукуматиро бар ӯҳда бигирад.

Ҳоло ҳукуматҳои Испанияву Италия дар қаламрави пули евро бо бӯҳрони қарз мубориза мекунанд.
XS
SM
MD
LG