Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳаммад Мурсӣ аз Асад хост, истеъфо диҳад


Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури Миср мегӯяд, “фурсати тағйир” дар Сурия фарор расидааст. Муҳаммад Мурсӣ, ки баъди қиёмҳои мардумӣ ва суқути ҳукумати Ҳуснӣ Муборак дар соли гузашта ба қудрат расид, рӯзи чаҳоршанбе гуфт, Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия бояд аз “таърихи чанд вақт пеш” дарс бигирад. Ӯ аз Башор Асад хост, ҳанӯз ки дер нашудааст, истеъфо бидиҳад. Муҳаммад Мурсӣ афзуд: Мардуми Сурия бо садои баланд ва возеҳ гуфтанд ва хунашон рехта шуд ва ҳанӯз ҳам мерезад. Аз ин рӯ набояд дар қабули қарор ба хотири поён додан ба ин хунрезӣ ва тағйири матлуб дар Сурия таъхир кард. “ Раиси ҷумҳури Миср дар ин бора дар нишасти вазирони умури хориҷии кишварҳои узви Иттиҳодияи Араб дар шаҳри Қоҳира сухан гуфт. Ӯ афзуд, ки ҳалли муноқишаи Сурияро бояд арабҳо ҳал кунанд ва аз вазирони арабӣ хост, барои поён додан ба хунрезӣ дар Сурия ҳарчӣ зудтар амал кунанд. Ба гуфтаи фаъолони ҳуқуқ, аз замони оғози қиёмҳои мардумӣ аз 18 моҳи пеш то кунун дар Сурия бештар аз 26 ҳазор нафар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG