Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додгоҳи Перм Сайфиддин Одинаевро бегуноҳ эълон кард


Сайфиддин Одинаев-раҳбари ҷамъияти тоҷикон дар шаҳри Перм дар як баҳси додгоҳӣ пирӯз шуд. Шабакаи маҳаллии телевизиони ин минтақа дар барномае ба Одинаев тӯҳмат зада буд, ки вай бо қочоқи маводи мухаддир машғул аст. Одинаев телевизионро ба додгоҳ кашид ва дар додгоҳ собит сохт, ки барномаи телевизионӣ дурӯғ гуфтааст. Додгоҳ ҳукм баровард, ки телевизион 150 ҳазор рубли русӣ барои расонидани зарари маънавӣ ба Одинаев ҷуброн пардохт кунад.

Аммо Вячеслав Дегтярников-муаллифи барномаи телевизионӣ гуфтааст, ки бо ҳукми додгоҳ розӣ нест ва ба догоҳи минтақаӣ шикоят хоҳад бурд.

Дар матбуоти Русия дар бораи шаҳрвандони Тоҷикистон зиёд менависанд ва онҳоро қочоқчии маводи мухаддир муаррифӣ мекунанд. Вале на ҳар кадоме аз онҳо ҷуръат доранд барои ҳимоят аз эътибори худ ба додгоҳ муроҷиат кунанд.
XS
SM
MD
LG