Пайвандҳои дастрасӣ

Идомаи қазияи ҷанҷолии духтари насронӣ дар Покистон


Як духтари чаҳордаҳсолаи насронӣ, ки ба тавҳин ба ислом муттаҳам мешавад, ҳадди аққал то рӯзи ҷумъа дар боздоштгоҳ хоҳад монд. Додраси парвандаи ӯ гуфт, ба далели коршикании вакилони дифоъ, баррасии дархости озодии ӯ таҳти васиқа то 7 сентябр ба таъхир андохта мешавад. Римша Масеҳро тақрибан 20 рӯз пеш бо иттиҳоми сӯхтани саҳифаҳои китоби Қуръон боздошт карданд, ки барои ин кор дар Покистон ҳукми қатл муқаррар шудааст. Аммо баъдан Холид Киштӣ як имоме ҳам боздошт шуд, ки гӯё худаш ин корро карда ва хостааст, аз ин роҳ насрониҳоро ба гурез аз маҳаллашон маҷбур кунад. Дидбони Ҳуқуқи Башар, иқдоми додгоҳ алайҳи имомро як “иқдоми бесобиқа” дар Покистон хондааст.
XS
SM
MD
LG