Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зокир Вазиров, сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон даргузашт


Давлат Назриев, сарвари департаменти таҳлил ва иттилооти вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, Зокир Вазиров тайи ду моҳи ахир бар асари сактаи қалбӣ дар беморхонаи шаҳри Боку бистарӣ буд ва шоми рӯзи 2-юмисентябр бо ҳаёт падруд гуфт. Зокиро Вазирови 65 – сола зодаи ноҳияи Тавилдара буда, хатмкардаи Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон, доктори улуми фалсафа ва мутахассиси соҳаи фалсафаи иҷтимоии Ислом ва иқтисод буд. Муаллифи беш аз 200 асару мақолаи илмӣ аст. Соли 1993 дар ҳукумати мусолиҳаи миллӣ вазири маориф ва пас аз имзои Созишномаи сулҳ муовини сарвазир, вазири шуғл ва ҳифзи иҷтимоӣ ва ректори Донишгоҳи соҳибкорӣ ва хизмат буд. Аз соли 2008 то ба ҳол сафири фавқулодда ва ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Озарбойҷон буд. Аз хешовандони Саид Абдуллоҳи Нурӣ, асосгузори Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва сарвари ИНОТ маҳсуб мешуд, аммо зимни як сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки қаробати хешовандии онҳо танҳо бо додугирифти оилавӣ (қудогӣ) маҳдуд буд. Ҳоло мақомот дар пайи интиқоли ҷасади ӯ аз Боку ба Душанбе ҳастанд.
XS
SM
MD
LG