Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Браҳимӣ: Тағирот барои мардуми Сурия муҳим ва зарурист


Лахдар Браҳимӣ-фиристодаи вижаи СММ ва Ҷомеаи Араб барои Сурия
Лахдар Браҳимӣ-фиристодаи вижаи СММ ва Ҷомеаи Араб барои Сурия
Лахдар Браҳимӣ-фиристодаи нави байналмиллалӣ барои Сурия мегӯяд, барои мардуми ин кишвар тағирот ҳам “муҳим” ва ҳам “зарурӣ” мебошад. Браҳимӣ ин суханонро рӯзи шанбе дар Нию Йорк дар нахустин рӯзи оғози фаъолияташ дар ин мақом изҳор дошт.

Вай ба ҷои Кофӣ Аннон акнун фиристодаи СММ ва Ҷомеаи Араб барои Сурия мебошад. Браҳимӣ зимни суханони худ ба хабарнигори Ал Арабия гуфт, вазифаи ҳукумат аст, ки ба хушунатҳо хотима диҳад, на вазифаи шӯришиён.

Дар давоми як соли гузашта дар ҷараёни тазоҳуроти эътирозии зидди режими Башор Асад тақрибан 20 ҳазор нафар дар Сурия кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG