Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти раҳбари Лашкари ҷангӣ дар Лоҳури Покистон


Малик Исҳоқ (акс аз 14 июли соли 2011)
Малик Исҳоқ (акс аз 14 июли соли 2011)
Пулиси Покистон аз боздошти раҳбари як гурӯҳи мамнӯъи ифротии суннӣ хабар дод. Малик Исҳоқ, раҳбари Лашкари ҷангӣ ба таҳрики адовати мазҳабӣ ва таҳияи ҳамла ба тими крикети Шри-Ланка дар соли 2009 айбдор мешавад. Пулис гуфт, Малик Исҳоқ дар Лоҳур баъди бозгашт аз зиёрати Арабистони Саудӣ дастгир шудааст. Лашкари ҷангӣ, ки дар авоили солҳои 90 зуҳур карда, ба иртибот бо Ал-Қоида гумонбар мешавад, ба қатли садҳо намояндаи ақалияти шиъа айбдор мешавад.
Бо ин ҳол, Амрико алайҳи 8 покистонии гумонбар ба ҳамкорӣ бо гурӯҳи ҷангии Лашкари Таййиба, аз ҷумла алайҳи як гумонбар ба ҳамлаи хунини 4 соли пеш дар Мумбайи Ҳинд, ки 166 кушта ба ҷо гузошт, таҳримот ҷорӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG