Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оқоев аз мардуми Қирғизистон узр хост


 Аскар Оқоев
Аскар Оқоев
Раисиҷумҳури собиқи Қирғизистон Аскар Оқоев аз мардум барои «иштибоҳҳоииқтисодиву сиёсӣ ва хусусиаш дар солҳои аз 1990 то 2005, ки бар ин кишвари Осиёи Марказӣ раҳбарӣ мекард, узр хост. Оқоев дар мусоҳиба бо Радиои Озодӣ дар рӯзи иқтиқлоли Қирғизистон, ки 31 август таҷлил мешавад, гуфт:
"Мардуми азиз! Тайи 14 соли раҳбарии ман камбудиҳо вуҷуд дошт, иштибоҳҳои бузург ҳам буд. Ва агар иштибоҳҳои ман дар давраи раёсатам ё баъди он ба кишвар таъсири манфӣ расонда бошад, инҷо мехоҳам бо истифода аз фурсат аз тамоми мардуми Қирғизистон узр бипурсам.”
Оқоев афзуд, хатои бузурги ӯ пешбарии Қурмонбек Боқиев ба симати сарвазир буд. Оқоев моҳи марти соли 2005 дар натиҷаи эътирозҳо тарки мақом кард, вале Боқиев, ки ба ҷои ӯ омад, дар соли 2010 низ дар натиҷаи чунин эътирозҳо барканор шуд. Боқиев, ки ба Беларус паноҳ бурдааст, аз сӯи мақомоти феълии Қирғизистон бо иттиҳоми қатли эътирозгарон ва фасод дар пайгард қарор дорад.
XS
SM
MD
LG