Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мӯҳлати боздошти насронии покистонӣ тамдид ёфт


 Тоҳир Навид Чавдурӣ-вакили мудофиаи духтари насронии мутттаҳам бо тавҳини муқаддасот
Тоҳир Навид Чавдурӣ-вакили мудофиаи духтари насронии мутттаҳам бо тавҳини муқаддасот
Додгоҳи Покистон мӯҳлати боздошти духтари насронии муттаҳам бо тавҳини муқаддасотро барои ду ҳафтаи дигар тамдид кард, то айбномааш такмил ёбад.
Рӯзи ҷумъа Тоҳир Навид Чавдурӣ-вакили мудофиаи ин духтар гуфт, ӯ умед дорад, ки рӯзи шанбе духтарро бар ивази гаравпулӣ раҳо хоҳанд кард.
Телевизиони Покистон ҳангоми пахши гузориш дар бораи ин қазия симои духтарро нишон надод. Духтарро як ҳамсояаш бо оташ задани нусхаи Қуръон муттаҳам кардааст. Ин айбномаро дигарон тасдиқ накардаанд. Муқаррар намудани синну сол ва вазъи зеҳнии духтар боиси суолҳои зиёд шудааст. Тибқи гузориши тиббӣ, ки ҳафтаи равон ба табъ расид, духтар 14-сола асту вазъи зеҳнии ӯ ба синну солаш мутобиқ нест.
XS
SM
MD
LG