Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Маводи ғизоӣ дар ҷаҳон гаронтар шудааст


Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд, хушксолӣ дар Амрико ва Аврупои Шарқӣ моҳи гузашта қимати маводи ғизоӣ дар саросари ҷаҳонро 10 дар сад боло бурдааст. Ба гуфтаи Бонки Ҷаҳонӣ, хушксолӣ ҳосили ғалладона ва лӯбиёро камтар карда ва ба афзоиши қиматҳо сабаб шудааст. Аммо дар ин миёни нархи биринҷ 4 дар сад поён омадааст. Ҷим Йонг Ким, мудири Бонки Ҷаҳонӣ гуфт, гаронтар шудани маводи ғизоӣ “барои сиҳативу зиндагии миллионҳо нафар хатар эҷод мекунад.” Ба гуфтаи Бонки Ҷаҳонӣ таъсири бади болоравии қиматҳоро бештар аз ҳама дар Африқо ва Ховари Миёна эҳсос хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG