Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Хонандагони як мактаби миёна дар Суғд хитоӣ меомӯзанд


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Барои бори аввал дар вилояти Суғд омӯзиши забони чинӣ ба барномаи як мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ, тоза ифтитоҳ ёфт, ворид шудааст.

Дар мактаби хусусии “Иршод” дар Хуҷанд, ки сар аз якуми сентябри соли ҷорӣ хонандаҳоро бо таҳсил фаро мегирад, дар баробари забонҳои англисиву русӣ ва арабӣ дарси забони чинӣ низ омӯзонда мешавад.

Абдумалик Қурбонов, муассиси ин мактаби миёна, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, хонандаҳо аз синфи 6 то 11-ум забони чиниро аз худ мекунанд. Ба қавли ӯ, ба ин гурӯҳи муҳассилин забони чинӣ ё хитоиро мутахассисони тоҷике, ки донишгоҳҳои Чинро хатм кардаанд, таълим медиҳанд. "Дар оянда муаллимони чинӣ низ ба кори таълим ҷалб хоҳанд шуд",-илова кард ӯ.

Ҳамчунин, барномаи таълимии мактаби мазкур омӯзиши забонҳои англисиву русӣ аз синфи як ва арабӣ аз синфи 3-юмро дар бар мегирад. Ба гуфтаи Абдумалик Қурбонов, ҳаққи таълим дар мактаби “Иршод” 300 сомонӣ барои як моҳ буда, то арафаи соли нави таҳсил ҳамаи 500 ҷойро довталабон пур кардаанд.

Муаллимони мактаби мазкур мегӯянд, ба ҷорӣ кардани омӯзиши чинӣ онҳоро теъдоди талабгорони омӯзиши ин забон, аз ҷумла тоҷироне, ки бо кишвари Чин равуо мекунанд ва рушди ҳамкориҳои иқтисодии Чин бо Тоҷикистон водор кардааст.

Ин нахустин бор аст, ки дар як мактаби таҳсилоти ҳамагонии Тоҷикистон омӯзиши забони чинӣ роҳандозӣ мешавад. Аммо ба фарқ аз мактабҳои миёна омӯзиши забони хитоӣ дар бархе аз донишгоҳҳои кишвар, аз ҷумла Донишкадаи забонҳои хориҷӣ ба номи Сотим Улуғзода маъмул аст ва солҳо боз ҷараён дорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG