Пайвандҳои дастрасӣ

Изҳороти Додситонии кулли Тоҷикистон ва вокуниши ҲНИТ


Муовини раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ва намояндаи он дар порлумони кишвар Сайидумар Ҳусайнӣ

Муовини раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ва намояндаи он дар порлумони кишвар Сайидумар Ҳусайнӣ

Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон иттиҳомоти Додситонии кулли кишварро кӯшиши бастани ин ҳизб унвон кард.

Додситонии кулли Тоҷикистон дар як изҳорот, ки хабаргузории давлатии “Ховар” нашр кардааст, Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон (ҲНИТ)-ро айбдор кард, ки ба қонуншиканиҳо идома дода, аз тарафи аъзои он “як силсила ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнини дорои хусусияти экстремистию террористӣ” сар задааст.

Бино бар изҳороти Додситонии кул, ҳизб ҳангоми қабули аъзо ба сафҳояш ё ихроҷи онҳо, санаду дафтардорӣ ва пардохти ҳаққи узвият ба қонуншиканиҳо роҳ дода, аъзои ҳизб дар ҳамдастӣ бо афроди Ҳаракати Исломии Узбакистон, Ҳизб-ут-таҳрир ва гурӯҳҳои мусаллаҳ зидди низоми конститутсионӣ амалҳои тундравона ва террористӣ анҷом додаанд.

Аммо муовини раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ва намояндаи он дар порлумони кишвар Сайидумар Ҳусайнӣ дар гуфтугӯ бо Радиои Озодӣ иттиҳомоти Додситонии кулли Тоҷикистонро рад кард ва онҳоро “сиёсӣ” номид. Вай гуфт, “ҳадафи аввалин аз ин айбдоркуниҳо бастани ҳизб аст ва агар баста ҳам нашавад, умедворем, ки баста наметавонанд, нуфузу таъсири онро кам кунанд ва савум чизе, ки онҳо мехоҳанд, роҳ надодан ба наздик шудани мардум ба ин ҳизб.

Дар изҳороти Додситонии кулли Тоҷикистон гуфта мешавад, ки санҷиши мақомоти он нишон додааст, ки “тайи солҳои 2010-2011 бо қарорҳои бахши ҳизб дар шаҳри Исфара ба узвияти он 600 нафар қабул шуда бошад ҳам, дар ин хусус танҳо нисбат ба 80 нафар мавод мавҷуд ҳасту халос. Гузашта аз ин, дар асоси қарорҳои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии шаҳрию ноҳиявӣ аз 26 январи соли 2010 – 24 нафар, 26 марти соли 2011 – 27 нафар, 17 апрели соли 2011 – 27 нафар ва 21 майи соли 2011 – 28 нафар шаҳрванд ба узвият қабул шуда бошанд ҳам, дар қарорҳо танҳо теъдоди аъзо дарҷ гардида, ному насаби онҳо нишон дода нашудааст.”

Ҳамчунин омадааст, ки зиёда аз 320 узви ҳизб дар шаҳри Хуҷанд тайи чанд сол ҳаққи узвият надода бошанд ҳам, талаби оинномаи ҳизб дар мавриди ихроҷи онҳо баррасӣ нашудааст.

Аммо ҷаноби Ҳусайнӣ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “сабаби шумораи гуногуни аъзо ё каму зиёд нишон дода шудани онҳо он аст, ки ҳукумат бо ҳар роҳ аъзои ҳизби моро бо ҳар роҳу восита зери фишор мегиранд ва аз онҳо талаб мекунанд, ки ҳизбро тарк кунанд. Аъзое низ ҳастанд, ки зери ин фишор маҷбуранд, гӯянд, ки аъзои ҳизб нестанд, зеро аз мақомоти метарсанд, вале дар назди мо мегӯянд, ки узви ҳизб мондаанд ва онро тарк накардаанд.”

Бино бар гузориши додситонӣ, аъзои ҳизб дар шаҳри Хоруғ низ муддати дароз ҳаққи узвият надодаанд, вале ба гуфтаи раиси бахши ҲНИТ дар ин ҷо -- Ш. Карамхудоев, баръакс кормандони ҳизбӣ ба восиати ӯ ҳар моҳ 600 сомонӣ мегирифтаанд. Зимнан, ин шахс дар ҷараёни амалиёти Хоруғ боздошт шуда, ҳоло дар боздоштгоҳи КумитаиДавлатии Амнияти Миллии Тоҷикистон аст.

Ҷаноби Ҳусайнӣ дар ин робита гуфт, аъзои ҳизб супоридани ҳаққи узвияти худро низ аз мақомоти давлатӣ пинҳон медоранд, то зери фишори бештар қарор нагиранд.

Камбудиҳои молӣ ва ҳуҷҷатгузориро муфаттишон инчунин дар шӯъбаҳои ҳизб дар Панҷакент, Конибодом, Шаҳристон, Хоруғ, Кӯлоб, Норак, Бохтар, Вахш, Данғара, Темурмалик, Балҷувон, Қумсангир, Панҷ, Ҷ.Румӣ, Қубодиён, Ҷиликул ва Шаҳринав низ пайдо кардаанд. Сипас, дар изҳорот гуфта мешавад, ки 11 узви “фаъоли ин Ҳизб, аз ҷумла 4 нафар дар вилояти Хатлон, 5 нафар дар Суғд ва 2 нафар дар ноҳияи Рашт барои содир намудани ҷиноятҳо ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида, бо ҳукмҳои судӣ маҳкум шуданд.” Дар ин замина намунаҳое оварда мешаванд, ки гӯё аъзои ҳизб бо созмонҳои мамнӯи террористӣ ҳамкорӣ ва дар аъмоли зиддидавтаӣ дар Хуҷанд ва Рашт ширкат кардаанд.

Бо истифода аз баёноти боздоштшудагон гуфта мешавад, ки аъзои Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ҳамчунин дар амалиёти охири нерӯҳои давлатӣ дар Хоруғ ба чунин иқдомот роҳ додаанд: “Тавре ки дастгиршуда – аъзои гурӯҳи муташаккили ҷиноятии Имомназаров И.О. - раиси бахши ҲНИТ дар шаҳри Хоруғ Ш. Карамхудоев нишон дод, шаби 23-юми июли соли 2012 ӯ бо даъвати додари И.О. Имомназаров – Султонназар Имомназаров ба қаҳвахонаи “Алёш”-и шаҳри Хоруғ рафтааст, ки дар он ҷо ҷавонони зиёд ҷамъ омадаанд. С. Имомназаров бо супориши бародараш И.О. Имомназаров ба ӯ ва дигар ҷавонон либоси ҳарбӣ ва яроқҳои оташфишон, аз қабили пулемёти Калашников, автоматҳои Калашников, гранатамёт, гранатаҳо ва дигар воситаҳои таркиши худсохт дода, ӯро сардори гурӯҳи 21-нафара таъин карда, мавқеи ҷойгиршавиашонро дар рӯ ба рӯи отряди сарҳадбонон, воқеъ дар шаҳри Хоруғ муайян кардааст. Шаби 23-юм ба 24-уми июли соли 2012 онҳо бо истифода аз яроқҳои оташфишон ва дигар воситаҳои тарканда ба муқобили ниҳодҳои ҳукуматӣ муқовимати мусаллаҳона намудаанд.“

Бино ба изҳороти Додситонии кулли Тоҷикистон “дар баъзе мавридҳо роҳбарон ва фаъолони Ҳизби мазкур минбари масҷидҳоро ба сифати ҷои пешбурди корҳои ташвиқотию таблиғотӣ истифода мебаранд, ки хилофи талаботи моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» мебошад.”

Вале Муовини раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ва намояндаи он дар порлумони кишвар Сайидумар Ҳусайнӣ гуфт, аъзои ҳизб дар рӯйдодҳоио Бадахшон ё манотиқи дигар аз худ ҳеҷ гуна амали хилоф нишон надодаанд ва танҳо бо нашри изҳороту баёнияҳо мавқеи худро эълон ва аз он дифоъ кардаанд. Вай афзуд: “Мо ҳеҷ такон намехӯрем бо ин чизҳо, чунки инҳо танҳо ғаразҳои сиёсиянд ва ягон асоси ҳуқуқӣ надоранд.”

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG