Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Митт Ромни номзади расмии ҳизби ҷумҳурихоҳ дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ эълон шуд


Бовар меравад, ки ӯ дар интихобот рақиби аслии Барак Обама мешавад.

Дар ин анҷуман, ки дар аёлати Флорида баргузор шуд, Митт Ромни бештар аз 1177 раъйи лозимро ба даст овард ва акнун моҳи ноябри ҳамин сол ба эҳтимоли ғолиб бо Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, аз Ҳизби Демократ рақобат хоҳад кард. Анҷумани ҳизби демократ барои таъйини номзади расмии ин ҳизб дар интихобот ҳафтаи оянда баргузор мешавад.


Ҳизби Ҷумҳурихоҳ ҳамчунин дар ин анҷуман Пол Райан, вакили мардумиро ба унвони номзад ба мақоми муовини раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида пазируфт, ки ӯро ду ҳафта пеш Митт Ромни ба ҳамин мақом пешниҳод кард. Ҷумҳурихоҳон пештар аз ин барномаи интихоботии ҳизбро тасвиб намуданд, ки дар он коҳиши молиёт, манъи исқоти ҳамл дар Амрико пешбинӣ шудааст.

Бо ифтитоҳи анҷуман дар шаҳри Тампа, ҷумҳурихоҳон нишондодҳои иқтисодии ҳукумати Барак Обамаро танқид карда ва гуфтанд, ки дар Амрико бекорӣ ҳамчунон зиёд аст ва харҷи давлатӣ ҳам бештар мешавад. Рейнс Прибас, раиси Кумитаи Миллии Ҳизби Ҷумҳурихоҳ гуфт, интихоби дигарбораи Барак Обама “чаҳор соли дигари нокомӣ” барои Амрико хоҳад буд.

Ба гуфтаи ӯ Митт Ромни ва Пол Райан, “дигарбора Амрикоро ба кор меандозанд”. Анн Ромни, ҳамсари Митт Ромни дар суханроние дар анҷумани ҳизб гуфт, Митт Ромни мардест, ки ҳар саҳар бо азми ҳалли мушкиле аз хоб мехезад, ки дигарон мегӯянд, ҳалли он мушкил имкон надорад.

Ӯ афзуд: “Ҳеҷ кас ба мисли Митт Ромни сахт кор нахоҳад кард, ҳеҷ кас мисли ӯ ғами Амрикоро нахоҳад хӯрд, ҳеҷ кас мисли Митт Ромни ҳама корро нахоҳад кард, то ин кишвар ба ҷойи беҳтаре барои зиндагӣ тадбил шавад. “

Назарсанҷиҳои ахир дар Амрико нишон медиҳанд, ки тарафдорӣ аз Митт Ромни ва Барак Обама тақрибан баробар аст. Ҳизби Демократи Амрико ҳафтаи оянда анҷумани худро дар аёлати Каролинаи Шимолӣ баргузор мекунад.
XS
SM
MD
LG