Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фирори ду узви гурӯҳи Пусси Райот аз Русия


Овозхонҳои Пуссӣ Райот мегӯянд, ду узви ин гурӯҳ, ки пулис онҳоро ҷустӯҷу дошт, Русияро тарк кардаанд. Рӯзи якшанбе дар саҳифаи гурӯҳ дар Твиттер навиштанд, ки ду узви гурӯҳ аз Русия фирор кардаанд, “то дар хориҷ бо ҷалби духтарони дигар, тазоҳуроти нав баргузор намоянд”. Аммо чанд соат баъд дар саҳифаи Пуссӣ Райот дар Твиттер навиштанд, ки ду духтари гурӯҳ аз бими хатар, Русияро тарк карданд, вале 12 узви дигари гурӯҳи Пуссӣ Райот дар Маскав боқӣ мемонанд. Номи ин духтаронро набурдаанд, аммо гуфта мешавад, онҳо дар намоиши эътирозӣ дар калисои аъзами Русия ширкат доштаанд. Чанде пеш додгоҳи Маскав се узви ин гурӯҳро барои сурудани таронае интиқодӣ дар васфи Владимир Путин дар ин калисо ба дувуним солии зиндон маҳкум кард.
XS
SM
MD
LG