Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марзбони қирғиз панҷ касро кушта фирор кард


Полиси қирғиз мегӯяд, рӯзи душанбе як марзбони қирғиз чор марзбони дигар ва ҳамсари яке аз онҳоро ба қатл расондааст. Сухангӯи полис изҳор намудааст, ки ки ин марзбони қаторӣ фармондеҳ ва се сарбози дигарро ҳамроҳ бо ҳамсари яке аз онҳо ба қатл расонда, сипас савори мошин аз ҷои ҳодиса фирор кардааст. Ба қавли ҳамин манбаъ ҳодиса дар марзи Қирғизистон бо Қазоқистон ба вуқӯъ пайвастааст ва ҳозир дар минтақаи садкилометрии ҷануби Иссихкӯл ҷустуҷӯи марзбони фирорӣ идома дорад.
XS
SM
MD
LG