Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи танқиди Русия аз тарафи кишварҳои дигар


Интиқодоти байналмилалии Русия барои зиндонӣ кардани аъзои гурӯҳи Пуссӣ Райот идома ёфт, ки онҳоро барои сурудани як таронаи танқидӣ дар васфи раиси ҷумҳур Владимир Путин ба ду соли зиндон маҳкум карданд. Амрикову Бритониё, Фаронса ва Иттиҳодияи Аврупо ҳукми додгоҳро беш аз ҳад хонданд ва дар як пурсиши телефонии Радиои Эхо Москви аз ҳар чаҳор нафар се нафар гуфтаанд, ки ҳукми додгоҳро нодуруст мешуморанд. Калисои ортодокси Русия хостори тарраҳум ба се духтари гурӯҳи Пусси Райот шуд, ки таронаи интиқодиро дар калисое дар шаҳри Маскав иҷро карданд. Баъди ин бисёриҳо тахмин задаанд, ки шояд додгоҳи болоӣ ҳукми Мария Алёхина, Надежда Толоконникова ва Екатерина Самутсевичро сабуктар кунад.
XS
SM
MD
LG